Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти беш аз 200 гумонбари терроризм дар Чин



Полиси минтақаи шимолуғарбии Шинҷони Чин дар тӯли ду ҳафтаи ахир дар паи ҳамлаҳои террористӣ 232 гумонбарро боздошт карданд. Бар тибқи гузориши расонаҳои чинӣ аз рӯзи 12 май, гумонбарон дар як амалиёте боздошт шуданд, ки алайҳи ноширони наворҳои видеоӣ дар Интернет, ки терроризму адовати мазҳабиро таблиғ мекарданд, ба роҳ монда шуд. Гузоришҳо инчунин мегӯянд, ки гурӯҳҳои нави амниятӣ савори мошинҳои мусаллаҳ назорати пойтахт, шаҳри Пекинро шурӯъ кардаанд. Рӯзи 6 май дар истгоҳи роҳи оҳани шаҳри ҷанубии Гуанҷоу дар як ҳамлаи шахси мусаллаҳ бо корд шаш нафар маҷрӯҳ шуданд. Рӯзи 1 май дар чунин як ҳамлаи гурӯҳие дар истгоҳи шаҳри Кунмин 29 нафар кушта ва 143 нафар маҷрӯҳ шуданд. Полис ҷудоиталабони уйғурро масъули ин ҳамлаҳо номидааст.
XS
SM
MD
LG