Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаласаи Комиссиюни байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон


Дар Душанбе, дар музокироти навбатии аъзои комиссиюни ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон масоили аломатгузории марз ва моҷарои сокинони рустоҳои марзии ду кишвар дар таърихи 7 май баррасӣ мешавад. Дар задухӯрди тақрибан яку ним ҳазор сокини рустоҳои наздимарзӣ ҳадди аққал 25 нафар маҷрӯҳ шуда, муддати се рӯз роҳи Ворух баста шуд. Ба иттилои сухангӯи ҳукумати Қирғизистон Гулнора Тӯралиева, дар ин нишаст ҳамчунин гузоришҳои гурӯҳҳои кории ду тараф шунида мешавад, ки барои ҳалли масоили марзӣ дар миёни ду кишвар сафарбар шудаанд. Ин музокирот дар сатҳи муовинони нахуствазирони Тоҷикистону Қирғизистон – Муродалӣ Алимардон ва Абдураҳмон Маматалиев баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG