Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин пирӯзии "Равшан" баъди чанд шикасти пайдарпай


Дастаи «Равшан»-и Кӯлоб бар тими меҳмон - «Вахш»-и Қӯрғонтеппа – бо ҳисоби 1-0 ғалаба кард.

Ин бозии охирини даври севуми мусобиқаи қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон шоми 28-уми апрел дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб поён ёфт.

Голи ягонаро Наврӯз Рустамов дар нимаи аввали дидор, дар дақиқаи 17-ум, ба самар расонд. Бояд гуфт, ки сардовари ин бозӣ Насрулло Кабиров аз шаҳри Норак бозигарони ҳарду даста - Шодиҷон Муродовро аз «Равшан» ва Сайидамири Сайдаҳмадро аз «Вахш» – дар нимаи дувум, дар дақиқаи 67-ум, барои бо пой задани рақиб аз майдон хориҷ кард.

Ёдовар мешавем, даври севуми мусобиқа рӯзи 26-уми апрел бо ду бозӣ шурӯъ шуда буд. Ҳарду бозӣ бо натоиҷи мусовӣ хотима ёфт. Дидори дастаҳои «Хуҷанд»-и Хуҷанд - «Далерон-Ӯротеппа»-и Истаравшан бидуни гол ба охир расид. Бозӣ миёни ду дастаи шаҳри Душанбе - «Истиқлол» ва «Энергетик» - бо ҳисоби 2:2 поён ёфт.

Ду бозии дигари даври севум рӯзи 27-уми апрел баргузор шуд. Дастаи ССКА «Помир»-и Душанбе аз тими меҳмон - "Регар-ТадАЗ"-и Турсунзода – бо ҳисоби бузурги 0-3 шикаст хӯрд. Дар бозии дигар дастаи мизбон - «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров бар тими «Хайр»-и Ваҳдат бо ҳисоби 2-1 ғалаба кард.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 3-юм

26-уми апрел, шанбе

«ХУҶАНД» - «ДАЛЕРОН-ӮРОТЕППА» -0-0
Аз майдон хориҷ шуданд: Манучеҳр Аҳмадов («Хуҷанд»), Сафаралӣ Каримов («Далерон-Ӯротеппа»), 78.
Сардовар: Диловаршоҳ Орзуев (Ҳисор).
Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон». 8000 тамошобин.

«ИСТИҚЛОЛ» - «ЭНЕРГЕТИК» - 2-2
Голҳо: Комил Саидов, 7 (1:0). Бахтиёр Чориев, 39 (1:1). Ҳасан Рустамов, 52 – аз пеналтӣ (1:2). Хуршед Маҳмудов, 90+5 (2:2).
Аз майдон хориҷ шуд: Наим Ӯлмасов («Истиқлол»), 38.
Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 700 тамошобин.

27-уми апрел, якшанбе
ССКА «ПОМИР» - «РЕГАР-ТАДАЗ» - 0-3
Голҳо: Фирӯз Раҳматов, 38 (0:1). Фирӯз Раҳматов, 54 (0:2). Абдурасул Раҳмонов, 83 (0:3).
Аз майдон хориҷ шуд: Комрони Мирзонаҷот (ССКА «Помир»), 72 – барои корти дувуми зард.
Сардовар: Парвиз Муртазоев (Душанбе).
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 500 тамошобин.

«ПАРВОЗ» - «ХАЙР» -2-1
Голҳо: Комрони Мирзохон, 12 (1:0). Ҳусейни Сӯҳробӣ, 40 (1:1). Комрони Мирзохон, 72 (2:1).
Сардовар: Равшан Ишматов (Қӯрғонтеппа).
Бобоҷон Ғафуров, варзишгоҳи «Фурудгоҳ». 4000 тамошобин.


28-уми апрел, душанбе
«РАВШАН» - «ВАХШ» - 1-0
Гол: Наврӯз Рустамов, 17.
Аз майдон хориҷ шуданд: Шодиҷон Муродов («Равшан»), Сайидамири Сайдаҳмад («Вахш»), 67.
Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).
Кӯлоб, Варзишгоҳи марказӣ. 3500 тамошобин.


Дар ҳамин ҳол “Истиқлол” бо 7 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқа қарор дорад. Дастаҳои “Энергетик” ва ”Хуҷанд” бо 5-имтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои дувуму севум ҷойгир шудаанд. Ин се дастаи пешсаф бохт надоранд.


Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
Ҷ Дастаҳо БҒМБТИ
1.«Истиқлол»32106-27
2.«Энергетик»31204-35
3.«Хуҷанд»31202-15
4.«Регар-ТадАЗ»31114-24
5.«Хайр»31116-54
6.«Парвоз»21012-23
7.«Равшан»21012-33
8.«Вахш»31021-23
9.«Далерон-Ӯротеппа»30211-42
10.ССКА «Помир»30122-61
Нишонзанҳои беҳтарин: Хуршед МАҲМУДОВ («Истиқлол») – 4 тӯб, Мирзобек МИРЗОЕВ («Хайр»), Ҳасан РУСТАМОВ («Энергетик»), Комрони МИРЗОХОН («Парвоз») ва Фирӯз РАҲМАТОВ («Регар-ТадАЗ») – 2-тӯбӣ.

7-уми май (чоршанбе)
Бозии мавқуфмондаи даври 1-ум
Оғози бозӣ – соати 17:00
“Равшан” – “Парвоз”

Даври 4-ум
10-уми май (шанбе)
Оғози бозиҳосоати 17:00
«Истиқлол» - «Хуҷанд»
«Вахш» - «Парвоз»
«Регар-ТадАЗ» - «Равшан»
11-уми май (якшанбе)
Оғози бозиҳо – 17:00
«Далерон-Ӯротеппа» - ССКА «Помир»
«Энергетик» - «Хайр»

Шарҳҳоро бинед (8)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG