Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Равшан" боз шикаст хӯрд. Ин дафъа - аз "Хайр"


Акс аз бойгонӣ

Дастаи «Хайр»-и Ваҳдат бар тими «Равшан»-и Кӯлоб бо ҳисоби 3-1 пирӯз шуд. Даври дувуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ имрӯз, 17-уми апрел, бо бозӣ миёни дастаҳои «Хайр» ва «Равшан» оғоз ёфт.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, ин бозӣ ба иллати азнавсозии майдони варзишгоҳи «Хайр»-и шаҳри Ваҳдат бо дархости дастаи мизбон дар шаҳри Душанбе, дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ барпо гардид.

Се голи «Хайр»-ро Айдох Наполеон (дар дақиқаи 2-юм), Алишер Ӯлмасов (23), Баҳодур Шарифов (38) ва як голи «Равшан»-ро Хуршед Абдуллоев дар дақиқаи 84-ум ба ҳадаф расонданд.

Баъди ин ғалаба “Хайр” бо чор имтиёз аз ду бозӣ дар садри ҷадвали мусобиқа қарор дорад.

Чаҳор бозии дигари даври дувум рӯзи шанбе, 19-уми апрел, доир хоҳад шуд. «Энергетик”-и Душанбе бо тими меҳмон – “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров, “Вахш”-и Қӯрғонтеппа дар майдони худ бо ССКА “Помир”-и Душанбе, “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо “Хуҷанд”-и Хуҷанд рақобат мекунанд. Вале макони баргузории бозии “Далерон-Ӯротеппа”-и Истаравшан ва “Истиқлол”-и Душанбе то ҳоло маълум нашудааст.

Ёдовар мешавем, бо тасмими кумитаи назорату ахлоқи ФФТ Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан барои таъмин накардани шароите, ки аз иншооти варзишӣ талаб карда мешавад, аз баргузории ду бозии мусобиқаи лигаи олӣ, аз ҷумла яктоаш шартан, маҳрум шудааст.
Дар ин варзишгоҳ бозиҳои хонагии дастаи нави лигаи олӣ - «Далерон-Ӯротеппа» - баргузор мешаванд. Бинобар ин "Далерон-Ӯротеппа" маҷбур аст, ки бозии хонагиашро муқобили "Истиқлол" дар майдони дигар баргузор намояд.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 2-юм

19-уми апрел, шанбе. Оғози бозиҳо - соати 16:00

«ЭНЕРГЕТИК» (Душанбе) - «ПАРВОЗ» (Бобоҷон Ғафуров)
Душанбе, майдони сунъии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.
Сардовар: Парвиз Муртазоев (Душанбе).

«ВАХШ» (Қӯрғонтеппа) - ССКА «ПОМИР» (Душанбе)
Қӯрғонтеппа, варзишгоҳи «Пахтакор».
Сардовар: Диловаршоҳ Орзуев (Ҳисор).

«РЕГАР-ТАДАЗ» (Турсунзода) - «ХУҶАНД» (Хуҷанд)
Турсунзода, варзишгоҳи «Металлург»
Сардовар: Равшан Ишматов (Қӯрғонтеппа).

«ДАЛЕРОН-ӮРОТЕППА» (Истаравшан) - «ИСТИҚЛОЛ» (Душанбе)
Ҷойи баргузории бозӣ ҳанӯз маълум нест.
Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).

Шарҳҳоро бинед (20)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG