Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозии «Хайр» - «Равшан» имрӯз дар Душанбе баргузор мешавад


Рӯзҳои 17-ум ва 19-уми апрел бозиҳои даври дувуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ баргузор мегардад ва имрӯз дастаҳои «Хайр»-и Ваҳдат ва «Равшан»-и Кӯлоб вориди майдони рақобат мешаванд.

Даври дувум имрӯз, 17-уми апрел, бо бозӣ миёни дастаҳои «Хайр»-и Ваҳдат ва «Равшан»-и Кӯлоб соати 16:00 шурӯъ мешавад. Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) ин бозӣ дар шаҳри Душанбе, дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ барпо мегардад. Зеро ки дар айни ҳол азнавсозии майдони варзишгоҳи «Хайр»-и шаҳри Ваҳдат ҷараён дорад ва ин бозӣ бо дархости дастаи мизбон дар Душанбе сурат мегирад.

Чаҳор бозии дигари даври дувум рӯзи шанбе, 19-уми апрел, доир хоҳад шуд. «Энергетик”-и Душанбе бо тими меҳмон – “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров, “Вахш”-и Қӯрғонтеппа дар майдони худ бо ССКА “Помир”-и Душанбе, “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо “Хуҷанд”-и Хуҷанд рақобат мекунанд. Вале макони баргузории бозии “Далерон-Ӯротеппа”-и Истаравшан ва “Истиқлол”-и Душанбе то ҳоло маълум нашудааст.

Ёдовар мешавем, бо тасмими кумитаи назорату ахлоқи ФФТ Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан барои таъмин накардани шароите, ки аз иншооти варзишӣ талаб карда мешавад, аз баргузории ду бозии мусобиқаи лигаи олӣ, аз ҷумла яктоаш шартан, маҳрум шудааст.

Дар ин варзишгоҳ бозиҳои хонагии дастаи нави лигаи олӣ - «Далерон-Ӯротеппа» - баргузор мешаванд. Бинобар ин "Далерон-Ӯротеппа" маҷбур аст, ки бозии хонагиашро муқобили "Истиқлол" дар майдони дигар баргузор намояд.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 2-юм
17-уми апрел, панҷшанбе. Оғози бозӣ - соати 16:00

«ХАЙР» (Ваҳдат) - «РАВШАН» (Кӯлоб)
Душанбе, майдони сунъии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.
Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).

19-уми апрел, шанбе. Оғози бозиҳо - соати 16:00

«ЭНЕРГЕТИК» (Душанбе) - «ПАРВОЗ» (Бобоҷон Ғафуров)
Душанбе, майдони сунъии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.
Сардовар: Парвиз Муртазоев (Душанбе).

«ВАХШ» (Қӯрғонтеппа) - ССКА «ПОМИР» (Душанбе)
Қӯрғонтеппа, варзишгоҳи «Пахтакор».
Сардовар: Диловаршоҳ Орзуев (Ҳисор).

«РЕГАР-ТАДАЗ» (Турсунзода) - «ХУҶАНД» (Хуҷанд)
Турсунзода, варзишгоҳи «Металлург»
Сардовар: Равшан Ишматов (Қӯрғонтеппа).

«ДАЛЕРОН-ӮРОТЕППА» (Истаравшан) - «ИСТИҚЛОЛ» (Душанбе)
Ҷойи баргузории бозӣ ҳанӯз маълум нест.
Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).
XS
SM
MD
LG