Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикасти “Равшан” аз “Сафо” бо ҳисоби 0-8


Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб, қаҳрамони дукаратаи Тоҷикистон, дар бозии даври 6-ум ва охирини сабқати гурӯҳии Ҷоми АФК (Конфедератсиони футболи Осиё) -2014 аз тими “Сафо”-и Лубнон бо ҳисоби бузурги 0-8 шикаст хӯрд.

Ин бозии гурӯҳи “А” шаби чоршанбеи 23-юми апрел дар Бейрут баргузор шуд.

Ҷоми АФК-2014
Гурӯҳи «А». Даври 6-ум
«Сафо» (Лубнон) - «Равшан» (Тоҷикистон) - 8:0
Голҳо: Алӣ Насриддин, 13 (1:0). Ронӣ Азар, 33 (2:0). Муҳаммад Зайн Ал-Абидине Танах, 40 (3:0). Алӣ Насриддин, 52 (4:0). Алӣ Каракӣ, 56 – аз пеналтӣ (5:0). Нур Мансур, 68 (6:0). Ҷарид Сарват Чоуман, 69 (7:0). Таха Диаб, 80 (8:0).

«Сафо» (Лубнон): Меҳдӣ Каҳлил, Нур Мансур, Муҳаммад Зайн Ал-Абидине Танах, Ронӣ Азар, Таха Диаб, Ҳасан Чаитов, Ҷарид Сарват Чоуман, Алӣ Насриддин (Ҳасан Ал-Ҳаҷ, 64), Ҳотам Ид, Алӣ Исмоил (Мустафо Кансо, 61), Умар Эд-Курдӣ (Алӣ Каракӣ, 46).

«Равшан» (Тоҷикистон): Рустам Ризоев (Неъматулло Тошев, 69), Мӯсо Содиқ, Ҳикматулло Расулов (Абубакр Азимов, 62), Ҳасан Рустамов, Бахтиёр Ҳасанов, Фаридун Рустамов, Наврӯз Рустамов, Комрон Саидзода, Индус Ҳусейнов, Зарифҷон Рустамов, Муҳаммадҷони Ҳасан.
Огоҳонида шуданд: Ҷарид Сарват Чоуман, Алӣ Каракӣ («Сафо»), Индус Ҳусейнов («Равшан»).
Сардовар: Чоримурод Қурбонов (Туркманистон).
Ёваронаш: Игор Барабаш, Сафармамад Қурбонов (ҳарду – Туркманистон).
Довари эҳтиётӣ: Алибек Сапаев (Туркманистон).
Комиссар бозӣ: Сунил Сенавира (Шри-Ланка).
23-юми апрел. Бейрут. Варзишгоҳи «Спорт сити». 150 тамошобин.

Бозии дигари ин гурӯҳ байни «Ал Сувайқ»-и Умон ва «Зат Рас»-и Урдун бо ҳисоби 0-0 хотима ёфт.

Ба ин тартиб, “Равшан”, ки дар ҳамаи 6 бозӣ шикаст хӯрд, бидуни имтиёз дар зинаи охирин қарор гирифт ва аз ҳаққи ширкат дар даври баъдии мусобиқа маҳрум шуд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали ҷамъбастии гурӯҳи «А»
ҶДастаҳоБҒМБТ И
1«Сафо»651013-1 16
2«Зат Рас»63219-4 11
3 «Ал Сувайқ»62138-4 7
4«Равшан»60065-26 0

Бояд гуфт, ки қаҳрамони ду соли охири футболи Тоҷикистон дар мавсими имсола бе сарпараст монда, ба мушкилоти сахти молӣ гирифтор шудааст ва аксари бозигарони асосиашро аз даст додааст.

Аз ҷумла, нишонзани асосии даста Дэвид Мауто, легионери африқоӣ аз Гана, ба тими "Истиқлол"-и Душанбе гузашт. Шаш бозигари асосии даста, бо шумули Соломон Течи, дар тими "Далерон-Ӯротеппа"-и Истаравшан, чаҳор нафар дар дастаи «Энергетик”-и Душанбе ва ду нафари дигар дар дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бозӣ мекунанд.

Бинобар ин "Равшан" дар мусобиқаи имсолаи лигаи олии футболи Тоҷикистон бо футболбозони ҷавонаш бозӣ мекунад. Ёдовар мешавем, «Равшан» таҳти раҳбарии сармураббӣ Ғайраталӣ Мираҳмадов бо ҳайати нави худ дар нахустин бозии чемпионати имсола аз тими «Хайр»-и Ваҳдат бо ҳисоби 1-3 мағлуб гаштааст.

«Равшан» бозии даври севуми мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистонро рӯзи душанбеи 28-уми апрел дар майдони худ – Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб – бо дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа анҷом медиҳад. Дар ҳамин ҳол «Равшан», ки ҳамагӣ як бозӣ кардааст, бидуни имтиёз дар ҷадвали мусобиқа дар зинаи охирин – 10-ум қарор дорад.

Шарҳҳоро бинед (7)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG