Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Равшан» пароканда нашуд ва умед ба оянда дорад


Ба дархости «Равшан»-и Кӯлоб ба Федератсияи футболи Тоҷикистон барои ширкат дар мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ 21 футболбоз дохил шудааст.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) дар ҳайати «Равшан», қаҳрамони дукаратаи Тоҷикистон, 2 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 7 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагар бозӣ мекунанд.

Ҳайати дастаи «Равшан» (Кӯлоб) :
Дарвозабонҳо: Неъматулло Тошев, Баҳодур Шамсов.
Ҳимоятгарон: Хуршед Абдуллоев, Тоҳири Баҳром, Зарифҷон Рустамов, Дилшод Лашкаров, Далер Чолов, Абубакр Азимов, Ҳусайнҷони Маҳмадалӣ.
Нимҳимоятгарон: Фаридун Рустамов, Муҳаммадҷони Ҳасан, Ширинҷон Наимов, Зокир Абдулхайров, Комрон Саидзода, Саидхони Амрохон, Шодиҷон Муродов.

Ҳамлагарон: Наврӯз Рустамов, Фурқат Мирҳайдаров, Индус Ҳусейнов, Далер Шарифов, Некқадам Абилов.

Раҳбарияти даста: Баҳром Рустамов – сардори даста, Акрам Ҳусайнов – менеҷер, Ғайраталӣ Мираҳмадов – сармураббӣ, Даврон Шомуродов – мураббӣ-маъмур, Мӯсо Бояков – духтур.

Ёдовар мешавем, «Равшан» таҳти раҳбарии сармураббӣ Ғайраталӣ Мираҳмадов бо ҳайати нави худ, ки футболбозони ҷавонанд, дар нахустин бозии чемпионати имсола рӯзи 17-уми апрел дар Душанбе, дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, аз тими «Хайр»-и Ваҳдат бо ҳисоби 1-3 мағлуб шуд.

Се голи «Хайр»-ро Айдох Наполеон (дар дақиқаи 2-юм), Алишер Ӯлмасов (23), Баҳодур Шарифов (38) ва як голи «Равшан»-ро Хуршед Абдуллоев (84) ба ҳадаф расонданд.

“Равшан” бозии даври севуми мусобиқаи қаҳрамонии кишварро 28-уми апрел дар майдони худ бо тими “Вахш”-и Қӯрғонтеппа анҷом медиҳад. Пеш аз ин бозӣ “Равшан” дар даври 6-ум ва охирини сабқати гурӯҳии Ҷоми АФК (Конфедератсияи футболи Осиё)-2014 рӯзи чоршанбеи 23-юми апрел дар Бейрут бо тими “Сафо”-и Лубнон рақобат мекунад.

Ҷовидон Бобоев, сухангӯи дастаи “Равшан”, рӯзи 18-уми апрел ба радиои Озодӣ гуфт, “Равшан” субҳи 22-юми апрел барои ширкат дар бозии охирин сабқати гурӯҳӣ дар Ҷоми АФК-2014 ба Бейрут сафар мекунад. Дар бозӣ муқобили “Сафо” бархе аз бозигарони собиқи даста, ки феълан дар тимҳои дигари кишвар бозӣ мекунанд, ширкат хоҳанд кард. Инҳо Рустам Ризоев, Мӯсо Содиқ, Ҳасан Рустамов, Бахтиёр Ҳасанов (ҳарчор аз “Энергетик”) ва Ҳикматулло Расулов (“Регар-ТадАЗ”) мебошанд. Соломон Течи (“Далерон-Ӯротеппа), ки ду огоҳӣ гирифтааст, ҳаққи ширкат дар ин бозиро надорад. Инчунин легионер аз Узбакистон Сайриддин Ғаффоров (“Регар-ТадАЗ”), ки мӯҳлати раводидаш ба охир расидааст, ба Бейрут сафар карда наметавонад.”

Вале бояд гуфт, ки новобаста аз натиҷаи ин бозӣ “Равшан”, ки бидуни имтиёз дар гурӯҳи “А” дар зинаи охирин қарор дорад, аз ҳаққи ширкат дар даври баъдии мусобиқа маҳрум шудааст.

Ба гуфтаи Акрам Ҳусайнов, менеҷери “Равшан”, қаҳрамони ду соли охири футболи Тоҷикистон дар ҳоле ба бозии Ҷоми АФК меравад, ки дар арафаи мавсими имсола бе сарпараст монд ва ба мушкилоти сахти молӣ гирифтор шуда, аксари бозигарони асосиашро аз даст дод. Аз ҷумла, нишонзани асосии даста Дэвид Мауто, легионери африқоӣ аз Гана, ба тими рақиби аслии "Равшан" - "Истиқлол"-и Душанбе - гузашт. Шаш бозигари асосии даста, бо шумули Соломон Течи, бо "Далерон-Ӯротеппа"-и Истаравшан, чаҳор нафар бо «Энергетик”-и Душанбе ва ду нафари дигар бо “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода қарордод бастанд.

Ҷаноби Ҳусайнов, дар ҳар сурат, изҳори умед кард, ки дастаи "Равшан" комилан пароканда нашудааст, балки ҳадди ақал бо дастаи ҷавононаш дар чемпионати имсолаи лигаи олии футболи Тоҷикистон бозӣ мекунад. Вай афзуд: “Мо мекӯшем, ки бо ҷавонони худ бозии хуб нишон диҳем ва хотири ҳазорҳо мухлисонамонро шод гардонем.

Шарҳҳоро бинед (9)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG