Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар се моҳ 67 садамаи нақлиётӣ бо иштироки ноболиғон сарзадааст


Мақмомоти Бозрасии давлатии автомобили Тоҷикистон мегӯяд, танҳо дар се моҳи аввали соли ҷорӣ дар роҳҳои мошингарди кишвар бо иштироки ноболиғон 67 садамаи нақлиёти сабт шудааст. Наргис Туйчиева, як масъули БДА Тоҷикистон рӯзи 18-уми апрел ба радиои Озодӣ гуфт, бар асари ин садамаҳо 14 нафар ба ҳалокат расида 60 тани дигар ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошаанд. Дар ҳамин маврид дар соли гузашта чанд мавриди садамаи нақлиётӣ бо иштироки ноболиғон сар задаст, ки боиси марги даҳҳо нафар гардида буд. Яке аз чунин садамаҳои пурсару садо садамаи шаби 9-уми октябри соли гузашта аст, ки бо иштироки Расули Амонуллоҳ писари 16-солаи Амонуллоҳи Ҳукуматулло, раиси вақти Роҳи оҳани Тоҷикистон дар Душанбе рух дода буд. Ин садамаи нақлиётӣ боиси марги 3 нафар ва маҷруҳ шудани 3 нафари дигар гардида буд.
XS
SM
MD
LG