Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ш. Зуҳуров гуфт, барои густариши ҳамкориҳо бо Русия манфиатдорем


Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар мулоқот бо Сергей Наришкин, раиси Думаи давлатии Русия гуфтааст, ки Тоҷикистон Русияро муҳимтарин шарики стратегии худ медонад ва «барои густариш ёфтани ҳамкориҳои хеш бо ин кишвари дӯст дар ҳамаи соҳаҳо манфиатдор аст.» Тибқи иттилои котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳамадато Султонов, мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо Сергей Наришкин рӯзи 18-уми апрел дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия доир шудааст. Шукурҷон Зуҳуров дар идомаи сӯҳбатҳои худ аз дастгирӣ ва пуштибонии Русия аз мавқеи Тоҷикистон дар миқёси байналмилалӣ изҳори сипос намуда, ҳамчунин зикр кардааст, ки муносиботи парлумонҳои ҳарду кишвар тибқи созишномаи ҳамкорӣ байни Думаи давлатии Маҷлиси федеролии Русия ва Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон асос ёфтааст ва идома дорад. Дар ҷараёни мулоқот, ҳамчунин масъалаи ҳамкориҳои ду кишвар дар бахшҳои иқтисодӣ, кишоварзӣ, энергетика, маориф, муҳоҷират, туризму варзиш мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
XS
SM
MD
LG