Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

2,4% зиёд шудани таваррум дар се моҳи охир


Афзоиши таварруми иқтисодиёти Тоҷикистон, яъне беқурбшавии пули сомонӣ дар се моҳи ахир зиёд мушоҳида шудааст. Ба иттилои Бонки миллӣ, сатҳи таваррум дар се моҳи охир ба 2,4 дарсад баробар шудааст.

Дафтари матуботи Бонки милии Тоҷикистон бо пахши ин хабар рӯзи 11-уми апрел гуфт, ки сатҳи таваррум беқурбшавии пул дар моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ 2,4 дарсадро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 1,2 дарсад бештар аст.

Бино ба таҳлили Бонки милӣ тағйирёбии мизони афзояндаи таварруми нишон дод, ки дар 12 моҳи охир таваррум 4,8 фоиз ташкил намудааст, ки дар қиёс ба ҳамин даври соли гузашта 1,7 дарсад кам мебошад.
XS
SM
MD
LG