Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, Чин дӯсти содиқи Тоҷикистон аст


Дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Чан Вансюан, вазири мудофиаи Чин, ки рӯзи 31-уми март дар шаҳри Душанбе доир шуд, масоили вобаста ба ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбию техникии Тоҷикистону Чин баррасӣ шудааст. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон, президент Эмомалӣ Раҳмон давлати Чинро «ҳамсояи наку, дӯсти содиқ ва шарики боэътимоди Тоҷикистон» номида, аз таҳким ва густариши ҳамкории ҳарду кишвар, аз ҷумла дар самти мубориза терроризму экстремизм истиқбол намудааст. Ба гуфтаи ин манбаъ Чан Вансюан гуфтааст, ки “Ҷумҳурии Мардумии Чин минбаъд низ аз таҳкими истиқлоли давлатии Тоҷикистон, тақвияти қудрати дифоӣ ва омодагии зиддитеррористии он пайваста дастгирӣ хоҳад кард”. Дар мулоқот, ҳамчунин доир ба авзои минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла ҳолати кунунию дурнамои Афғонистон ва пурзӯр намудани ҳифзи марзи тӯлонии Тоҷикистон бо ин кишвари ҳамсоя гуфтугӯ сурат гирифтааст. Чан Вансюан, вазири дифои Чин бо сафари расмӣ ва ширкат дар нишасти Шӯрои вазирони дифои Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ба Тоҷикистон омадааст.
XS
SM
MD
LG