Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гӯш кардани мусиқӣ одамро афсурда мекардааст


Як пажуҳиши муҳақиқони амрикоӣ нишон додаст, ки зиёд шунидани мусиқӣ бештар аз бозиҳои компютерӣ ва тамошои телевизиону кино ба инсон зарар мерасонад. Тибқи ин пажуҳиш, ки чанде пеш миёни 160 ҷавон гузаронида шудааст ташхис нишон додааст, ки дар 46 нафари онҳо афсурдагӣ эҳсос мешавад. Дар ин пажуҳиш 6 вариант пешниҳод шудааст, аз ҷумла: тамошои кино, дар сари кмопютер бо интернет нишастан, китоб хондан, мусиқӣ гӯш кардан ва дар компютери бо бозӣ пайваст нишастанд. Дар натиҷа маълум шудааст, ки қисми зиёди ҷавонон ба гӯш кардани мусиқӣ майл доранд. Аммо онҳое ки майли китобхонӣ бештар доштаанд нисбати дӯстдорони мусиқӣ аз ҷиҳати равонӣ солим ва зуд ба эҳсосот дода намешаванд.
XS
SM
MD
LG