Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Панҷ навъи тангаҳои нуқрагини хотиравӣ сикка зада шуд


Бонки миллии Тоҷикистон 5 навъи тангаи нуқрагии хотиравиро дар сиккахонаи Олмон сикка задда интишор додааст. Абдуғаффор Қурбонов, сардори дафтари матбуотии Бонки миллӣ рӯзи 10-уми феврал бо тасдиқи ин хабар гуфт, ки панҷ навъи тангаи нуқрагин ба хотири “5500-солагии Саразм”, “3000-солагии Ҳисор” ва силсилаи “Бозиҳои олимпӣ” - “Ҷаҳиш аз ҷастгоҳ”, “Лижаронии поёнсӯ” ва “Биатлон”-ро барои хотира интишор дод. Вай афзуд, ки арзиши тангаҳо ба 50 ва 100 сомонӣ баробар буда, аз нуқраи холис сохта шудаанд. Аммо ин тангаҳо ба муомилоти пулӣ ворид карда намешаванд, балки танҳо барои хотира сикка зада шудаанд. Ба гуфтаи Қурбонов, тангаҳои хотиравӣ аз ҷониби Бонки миллӣ бо риояи стандартҳои олии сикказании тангаҳои хотиравӣ дар сиккахонаи Майери Олмон омода шудааст.
XS
SM
MD
LG