Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 4 кас дар ҳамлае дар Равалпиндӣ


Бар асари таркише, ки субҳи рӯзи душанбе дар шаҳри Равалпиндии Покистон рӯй дод, чаҳор нафар кушта ва 15 каси дигар маҷрӯҳ шуданд. Масъулини полис ҳодисаро таҳқиқ мекунанд ва ҳадс мезананд, ки маргталаби савори мотосикл худро тарконидааст.

Дар Равалпиндӣ, воқеъ дар канори пойтахт – шаҳри Исломобод, Ситоди марказии нерӯҳои мусаллаҳи Покистон ҷойгир шудааст.

Як рӯз аз ин пеш дар шимолу ғарби Покистон афроди мусаллаҳ ба корвони мошинҳои низомӣ ҳамла карданд, ки дар натиҷа 20 тан аз сарбозони ҳукуматӣ ба ҳалокат расиандд. Масъулияти ин ҳамларо, ки хунбортарин дар солҳои ахир маҳсуб мешавад, толибони Покистон бар ӯҳда гирифтанд.
XS
SM
MD
LG