Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мисриҳо аз тарҳи нави Қонуни асосӣ пуштибонӣ карданд


Тақрибан 95 дар сади сокинони Миср аз тарҳи нави Қонунии асосии кишвар пуштибонӣ кардаанд. Дар ин бора хабаргузориҳо бо такя ба манбаъҳо дар ҳукумати муваққати Миср иттилоъ додаанд. Вазорати умури дохилии Миср гуфтааст, ки дар назарпурсии рӯзҳои сешанбе ва чаҳоршанбе беш аз 55 дар сади мардуми соҳиби ҳаққи раъй ширкат доштанд.

Ба иттилои хабарнигори Радиои Озодӣ, рӯзи дуввуми назарпурсӣ оромтар гузашт. Рӯзи аввал, 14 январ, бар асари бархӯрди ҷонибдорони ҷунбиши “Ихвон-ул-муслимин” бо полис, дасти кам 9 нафар ба ҳалокат расиданд. “Ихвон-ул-муслимин” назарпурсӣ оид ба тарҳи нави Қонуни асосиро таҳрим карда буд.

Мақомоти интизомии Миср дар бораи боздошти беш аз 400 нафар аз эътирозгарон хабар доданд, ки бештари онҳо ҷонибдорони раисиҷумҳури барканоршуда Муҳаммад Мурсӣ мебошанд.

Қонуни асосии пешини Мисрро исломгароҳо таҳия карда буданд ва он боиси норозигии мардум шуда буд. Тарҳи нав, ба гуфтаи пуштибонҳояш, таъмини озодиҳои шаҳрвандӣ ва ҳуқуқҳои гурӯҳҳои мазҳабиву занонро кафолат медиҳад. Дар тарҳи нав таъсиси ҳизбҳои мазҳабӣ манъ шудааст. Хабаргузории Reuters менависад, ки пазируфта шудани тарҳи нави Қонуни асосӣ роҳи вазири дифоъ генерал Абдул Фаттоҳ Ас-Сисӣ барои ширкат дар интихоботи раёсатҷумҳуриро боз мекунад.
XS
SM
MD
LG