Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши марказҳои инкишофи кӯдакон ва муассисаҳои томактабӣ


Мақомоти вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, дар як соли ахир шумораи марказҳои инкишофи кӯдакон дар муқоиса ба соли қабл афзудааст. Раҳматулло Мирбобоев, муовини аввали вазири маориф ва илми Тоҷикистон рӯзи душанбеи 13-уми январ зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти вазорати маориф ва илм дар нишасти матбуотӣ бо хабарнигорон гуфт, ки "дар соли гузашта шумораи марказҳои инкишофи кӯдакон ба 888 адад расид, ки дар муқоиса ба соли 2011, 170 адад бештар аст. Чун дар соли 2011 шумораи ин мактабҳо 711 адад буд."

Аммо ҷаноби Мирбобоев афзуд, бо он ки шумораи марказҳои инкишофи кӯдакон ва муассисаҳои томактабӣ дар ҳоли афзоиш аст, дар ин муассисаҳо танҳо 10 дар сади кӯдаконро фаро гирифта шудааст. Ба иттилои ҷаноби Мирбобоев, ҳоло шумораи фарогирӣ дар муассисаҳои томактабӣ ва марказҳои инкишофи кӯдакон 18 ҳазорро ташкил медиҳад. Муовини аввали вазири илм ва маорифи Тоҷикистон сабаби ба таври комил ва ҷашмрас фаро нагирифтани кӯдакон дар муассисаҳои томактабиро ба мушкилоти демографӣ марбут донист ва гуфт, ки афзоиши табии аҳолӣ ба ин асар гузоштааст.
XS
SM
MD
LG