Нурӣ ал-Моликӣ, нахуствазири Ироқ бори дигар аз мусаллаҳони гурӯҳи “Давлати исломӣ дар Ироқ ва Шом”, ниҳоди наздик ба Ал-Қоида хост, ки таслим шаванд ва шаҳри Фалуҷаро тарк кунанд.
Ӯ рӯзи чаҳоршанбе дар як паёми телевизионӣ гуфт, ки дар сурати силоҳ ба замин гузоштан ҷангҷӯён авф хоҳанд шуд. Нахуствазири Ироқ савганд хурд, ки гурӯҳи “Давлати исломӣ дар Ироқ ва Шом”-ро торумор мекунад.
Изҳороти Ал-Моликӣ дар ҳоле садо дод, ки артиши Ироқ барои ҳамла ба шаҳри Фалуҷа омодагӣ мегирад. Аз ин пеш ӯ аз аҳолии Фалуҷа хоста буд, ки тундравҳои ҷонибдори “Ал-Қоида”-ро аз шаҳр берун ронанд, то артиши Ироқ ба ин шаҳр ҳамла накунад.
Шаҳри Фалуҷа, воқеъ дар вилояти Анбор, чанд рӯз боз таҳти назорати гурӯҳи “Давлати исломӣ дар Ироқ ва Шом” қарор дорад.