Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Толибон" робитааш бо қазияи Спожмайро рад кард


Намояндаи “Толибон” ҳама гуна робитаи фармондеҳони ҷунбиш бо қазияи маҷбур сохтани духтараки ҳилмандӣ барои маргталабиро рад кард. Спожмай, як духтараки тақрибан даҳсола рӯзи якшанбе дар волусолии Хонашини вилояти Ҳилманд бо нимтанаи ҳомили маводи мунфаҷира барои анҷоми ҳамлаи интиҳорӣ боздошт шуд.

Ӯ иқрор кард, ки бародараш ва як дӯсти вай маҷбураш кардаанд то худро дар назди идораи полиси марзбонӣ инфиҷор намояд. Гуфта мешавад, ки Зоҳир, бародари Спожмай, фармондеҳи “Толибон” аст ва айни ҳол мавриди ҷустуҷӯ қарор дорад.

Вале Қорӣ Юсуф Аҳмадӣ, сухангӯи “Толибон”, ин қазияро чун “тарғиботи ҳукумати Кобул” арзёбӣ намуд, Ба гуфтаи ӯ, бар пояи сиёсати “Толибон” маргталабҳо бояд ҳатман мардони баркамол бошанд ва ҳамларо ихтиёрӣ анҷом диҳанд.

Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон, истифодаи кӯдакон дар ҳамлаҳои маргталабонаро хилофи қавонини ислом ва фарҳанги мардуми афғон номид.
XS
SM
MD
LG