Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳаво дар ИМА боз ҳам сардтар хоҳад шуд


Бар асари сардии бесобиқа дар Амрико фақат дар як рӯз беш аз севуним ҳазор парвоз дар хатсайрҳои гуногун лағв карда шуд. Дар бархе аз аёлатҳо мактабҳо ва дигар муассисаҳо баста шуданд. Ҳавои ниҳоят сард дар манотиқи шимолии Ғарби Миёна ҳукмфармост, аз ҷумла, дар шаҳри Чикаго ҳарорати ҳаво то 25 дараҷаи Селсия пойин рафтааст.

Бино ба пешгӯии ҳавосанҷон, дар оянда дар бархе мавзеъҳои Ғарби Миёна ва кӯҳҳои Аппалач ҳарорати ҳаво то 45 дараҷа сард хоҳад шуд. Хадамоти миллии ҳавосанҷии Амрико хабар дод, ки дар Дакотаи Шимолӣ ҳаво 51 дараҷа сард шуд.

Ҳавои бениҳоят сард дар Канада ҳам ҳукмфармост, ҳарорат дар Торонто то 29 дараҷа ва дар Квебек-Сити то 36 дараҷа пойин рафт.

Интизор меравад, ки рӯзи сешанбе сардӣ то соҳилҳои амрикоии уқёнуси Атлантика мерасад.
XS
SM
MD
LG