Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Масъули ҳамлаҳо дар бемористон даргузашт


Маҷид ал-Маҷид, фармондеҳи гурӯҳи мусаллаҳи “Бригадаи Абдулло Аъзам”, дар бемористони низомии канори шаҳри Бейрут, пойтахти Лубнон, аз олам даргузашт. Ба навиштаи хабаргузориҳо, ал-Маҷид, зодаи Арабистони Саудӣ, ки аз 6 декабри соли гузашта дар маҳбаси Лубнон буд, бар асари бемории гурда фавтидааст.

Мақомоти Арабистони Саудӣ ал-Маҷидро ба феҳристи хатарноктарин террористҳо шомил карда буданд.

“Бригадаи Абдулло Аъзам”, ки бо “Ал-Қоида” рабт дорад, масъули як қатор ҳамлаҳо дар Ховари Миёна, аз ҷумла, таркиш дар канори бинои сафорати Эрон дар Бейрут аст. Дар ин таркиш, ки моҳи ноябр рӯй дод, 23 нафар, аз ҷумла, масъули бахши фарҳангии сафорати Эрон, ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG