Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

RWB: Ҳангоми ифои вазифа 71 хабарнигор ҷон бохтааст


Соли равон дар кишварҳои гуногуни олам ҳангоми иҷрои вазифа 71 хабарнигор ҷон бохтааст. Дар ин бора созмони байнулмилалии “Гузоришгарони бидуни марз” "Reporters without borders" (RWB) хабар дода афзудааст, ки теъдоди қурбониён назар бо як соли пеш камтар аст, ҳарчанд сатҳи дигар ҷиноёт алайҳи кормандони расонаҳои хабарӣ, аз ҷумла, гаравгон гирифтани онҳо, “басо баланд” боқӣ мондааст.

Дабири кулли созмони “Гузоришгарони бидуни марз” Кристоф Делуар изҳор намуд, ҳоло ҳадафи аслӣ – муваффақ шудан ба муҷозоте онҳоест, ки алайҳи хабарнигорон ҷиноят содир кардаанд. Ин ба вижа дар ҳолест, ки ба наздикӣ ба қабули қатъномаи Шӯрои амнияти СММ рақами 1738 оид ба таъмини шароити амни кор барои хабарнигорон ҳафт сол пур мешавад.

Аз ҳама бештар хабарнигорон дар қораи Осиё – 24 нафар ва дар Ховару Миёнаву шимоли Африқо – 23 нафар ба ҳалокат расидаанд. Чиҳил дар сади қурбониён дар Сурия, Сомалӣ, Малӣ ва дар Доғистони Русия фаъолит мекарданд.
XS
SM
MD
LG