Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати ҳашт нафар дар таркишҳо дар Афғонистон


Дар шарқи Афғонистон рӯзи якшанбе бар асари ду таркиш дар роҳҳо дасти кам ҳашт нафар ба ҳалокат расиданд. Ба иттилои вазорати умури дохилии Афғонистон, таркиш дар вилояти Кунар боиси ҳалокати чаҳор сокини осоишта шуд.

Дар вилояти Нангарҳор чаҳор корманди полис, аз ҷумла, раиси полиси волусволии Агам, аз таркиши минаи канори роҳ ҷон бохтанд, ҳафт нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Аз ин пеш як маргталаб худро дар канори бинои як еаз бахшҳои хадамоти амнияти вилояти Нангарҳор тарконид, ки дар натиҷа ду нафар маҷрӯҳ шуданд .
XS
SM
MD
LG