Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талоши нокоми рабудани дипломати ҷопонӣ дар Санъо


Бар асари як ҳамла дар шаҳри Санъо, пойтахти Яман, як дипломати ҷопонӣ ҷароҳат бардошт. Ба иттилои манбаъҳо дар хадамоти амнияти Яман, афроди ношинос талоши рабудани мансабдори хориҷиро карданд. Сафорати Ҷопон дар Яман хабар дод, ки одамрабоён ба дипломат, котиби дуввуми сафорат, панҷ бор корд задаанд.Ҳамла дар ҳоле рӯй дод, ки дипломати ҷопонӣ савори мошинаш буд. Тафсилоти бештар дар ин бора алҳол зери даст нест.

Ҳодисаҳои одамрабоӣ дар Яман зиёд рӯй медиҳанд. Афроди мусаллаҳ ё аъзои қабилаҳои маҳаллӣ ба ин кор ба хотири раҳо кардани пайвандонашон аз маҳбас ё талаби иҷрои ин ё он хостаашон даст мезананд.
XS
SM
MD
LG