Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сотсиал-демократҳо ба эътилофи Меркел мепайванданд


Дар Олмон бештари аъзои ҳизби сотсиал-демократ аз вуруд ба Эътилофи бузург бо эътилофи масеҳӣ-демократии Ангела Меркел пуштибонӣ карданд. Ба иттилои хабарнигори Радиои Озодӣ, беш аз 77 дар сад дар раъйпурсии дохилиҳизбӣ ширкат намуданд ва тақрибан 76 дар сади онҳо барои вуруд ба эътилоф раъй доданд. 400 нафар ихтиёриён тамоми шаб баргаҳои раъйдиҳиро ҳисоб карданд.

Ин гуна раъйдиҳии дохилиҳизбӣ, ки барои он як миллиону 600 ҳазор евро сарф шуд, дар Олмон бори аввал сурат гирифт.

Эътилофи таҳти сарварии хонум Меркел дар интихоботи парлумонии моҳи сентбяр пирӯз шуд. Баъд аз тасмими сотсиал-демократҳо барои пайвастан ба “Эътилофи бузург”, аз ҳафтаи оянда расман даври саввуми раёсати Ангела Меркел шурӯъ мешавад.

Бар пояи хабарҳо, раҳбарони ҳизби сотсиал-демократӣ ҳангоми имзои созишнома муваффақ шуданд, ки муҳофизакорон дар чанд масъала, аз ҷумла, дар мавриди кафолати маоши ҳаққи аққал, гузашт кунанд.
XS
SM
MD
LG