Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар 11 моҳ беш аз 400 нафар дар садамаҳои нақлиётӣ ҳалок шудаанд


Тибқи иттилои Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ дар натиҷаи ҳодисаҳои нохӯш дар роҳҳои автомобилгарди кишвар давоми соли ҷорӣ беш аз 400 нафар ҷони худро аз даст додаанд.

Тибқи иттилои ин ниҳод дар 11 моҳи соли ҷорӣ дар роҳҳои автомобилгарди Тоҷикистон 1330 ҳодисаҳои нохуш ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷаи онҳо 436 нафар ба ҳалокат расида, 1434 нафар ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.

Ба гуфти масъӯлони бозрасии давлатии автомобилӣ зиёда аз 40 дарсади садамаҳои нақлиётӣ бинобар баланд намудани суръати муқарраршудаи ҳаракат рух додаст.

Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта шумораи ҳодисаҳо 74 адад, ҳалокшудагон 29 нафар ва маҷрӯҳшудагон 49 нафар зиёд шудааст.
XS
SM
MD
LG