Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исаков: Қирғизистон бо Амрико қарордоди нави низомӣ имзо намекунад


Сапар Исаков
Сапар Исаков
Сапар Исаков-раҳбари бахши сисёсати хориҷии дафтари раёсати ҷумҳурии Қирғизистон ба хабаргузории Интерфакс гуфтааст, ки сиёсати хориҷии Бишкек бояд пешгӯишаванда бошад. Ба гуфтаи вай, маҳофили байналмиллалӣ бояд дар симои Қирғизистон ҳамкори боварибахш ва ҳамвазнро бубинанд, кишвареро, ки муқаррароти байналмиллалиро дуруст иҷро мекунад ва ҳамзамон метавонад аз манофеи миллии худ дифоъ кунад.

Исаков зимни суханони худ дар бораи ҳамлу нақли транзитии колоҳои нируҳои эътилофи байналмиллалӣ аз Афғонистон гуфт, ки “ҳеҷ гуна роҳи ҳузури низомиёни Амрико дар фурудгоҳи Манас баррасӣ нашудааст. Қирғизистон нақшаи имзои мувофиқатномаи нав бо Амрикоро надорад”. Вай афзуд, баъд аз 14 июли соли 2014 низомиёни Амрико фурудгоҳи Манасро тарк хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG