Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Корҳои наҷотбахшӣ дар "Максима" идома меёбанд


Дар шаҳри Рига, пойтахти Латвия, рӯзи якшанбе корҳои наҷотбахшӣ дар бинои фурӯрехтаи маркази тиҷоратии “Максима” аз сар гирифта шуданд. Шоми шанбе баъди бори саввум фурӯ рехтани деворҳои бино корҳои наҷотбахшӣ муттавақиф шуданд. Намояндаи вазорати умури дохилии Латвия Илзе Петерсоне-Годмане дар бораи идома ёфтани корҳои наҷотбахшӣ хабар дод ва афзуд, ки ба зудӣ рӯйхати пурраи қурбониёни фоҷиа нашр хоҳад шуд.

Шурӯъ аз шоми панҷшанбе бому деворҳои маркази тиҷоратӣ се бор фурӯ рехтанд. Ба иттилои расмӣ, 54 нафар, аз ҷумла, се тан аз наҷотбахшон, ҷон бохтанд. Тақрибан 40 каси дигар ҷароҳат бардоштанд, 28 нафари онҳо бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон интиқол ёфтанд. Рӯзи шанбе мақомоти Рига гуфта буданд, ки дасти кам 10 тани дигар зери оворҳо боқӣ мондаанд.

Аз рӯзи шанбе сокинони Латвия ба ёди қурбониёни ҳодиса барои се рӯз мотам гирифтаанд. Ду кишвари ҳамсоя – Литва ва Эстония ба нишони ҳамрайъӣ бо мардуми Латвия 24 ноябрро рӯзи мотам эълон карданд.
XS
SM
MD
LG