Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тармими хатти "Ҷануб-Шимол" фардо ба охир мерасад


Ҳукумати вилояти Суғд бо такя ба гузориши масъули бахши энержӣ дар вилоят мегӯяд, ки рӯзи шанбеи 23-юми ноябр тармими хатти баландшиддати «Шимол Ҷануб», ки аз маркази кишвар ба манотиқи шимол неруи барқ интиқол медиҳад, пурра ба охир расонида мешавад. Илҳоми Ҷамолиён, сухангӯи ҳукумати вилояти Суғд рӯзи 22 ноябр ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки куратори соҳаи барқи вилоят гузориш додааст, ки корҳои таъмиру тармими пояҳои оҳании рақами 287-уми шабакаи баландшиддати барқи “Ҷануб-Шимол” дар канори ноҳияи Шаҳристон рӯзи шанбеи рӯзи 23-юми ноябр ба анҷом хоҳад расид. Ба гуфтаи ин манбаъ, ҳоло дар ноҳияҳои вилояти Суғд дар як шабонарӯз хамагӣ 2 соат ва дар Хуҷанд 14 соат барқ дода мешавад.

Зимнан сокинони навоҳии дурдасти вилоят Ғончиву Исфара, Истаравшану Мастчоҳ, Айниву Ашт ва дигар навоҳи шикоят мекунанд, ки тайи як ҳафта аст ҳатто дар шабонарӯз як соат барқ дода намешавад. Саидҷон Маъруфов, як омӯзгори мактаби ноҳияи Ашт мегӯяд, ки бебарқӣ низому тартиб дар зиндагии хонаводагиро ба ҳам задаст: «Талабаҳо ба дарс омода намеоянд ва ҳамаашон мегӯянд, ки «барқ надорем» ва мо ҳам намедонем чӣ гуем, ин аҳвол то кай идома мекунад».

Тавре қаблан мақомоти ҳукумати вилояти Cуғд иттилоъ дода буданд, интиқоли нерӯи барқ тавассути хатти баландшиддати “Ҷануб-Шимол” ба вилояти Суғд аз 17-уми ноябр қатъ карда шуд. Зеро бар асари садама дидани пояи 287-уми хатти баландашиддати Ҷануб-Шимол дар қаламрави ноҳияи Шаҳристон, мутахассисони ширкати чиноии “ТВЕА” маҷбур шуданд ба таъмири он пардохта интиқоли барқро ба вилояти Суғд муваққатан кам карданд.

Шабакаи барқи баландшиддати 500 киловолтаи “Ҷануб – Шимол”-ро дар поёни соли 2009 бо тӯли 325 километр аз ноҳияи Турсунзода то Хуҷанд ширкати чиноии ТВЕА бунёд карда буд. Бо фаъол шудани ин хат дар Тоҷикистон шабакаи ягонаи энергетикӣ таъсис ёфт. Барои бунёди ин хати барқ 281 миллион доллар, ки 267 миллионаш қарзи Чин аст, сарф шудааст.

Вилояти Суғд тавассути ин хат дар шабонарӯз ҳудуди 7 миллион киловатт/соат нерӯи барқи нирӯгоҳи Норакро дарёфт мекард. Дар муддати камтар аз 4 сол таъмирталаб шудани ин хатти барқ, ки барои бунёди ҳар километраш беш аз 850 ҳазор доллар харҷ шудааст, сарусадоҳоеро дар байни мардум эҷод кардааст.

Қатъи муваққатии интиқоли нерӯи барқ тавассти хатти барқи баландшиддати “Ҷануб – Шимол” дар ҳолест, ки аз поёни моҳи октябр ба ин сӯ ба манзилҳои сокинони дигар манотиқи Суғд, ба ҷуз шаҳрҳои Хуҷанду Чкалов ва Қайроқум, ки бо барқи нисбатан доимӣ таъминанд, тибқи меъёри зимистонӣ ва танҳо субҳу шом 4-5 соатӣ нерӯи барқ дода мешавад.
XS
SM
MD
LG