Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Рига боми маркази тиҷоратӣ фурӯ рехт


Дар зери харобаҳои боми маркази тиҷоратии “Максима”-и Рига тақрибан 50 нафар боқӣ мондаанд. Дар ин бора муовини раиси пойтахти Латвия Андрис Америкс хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, зери харобаҳо наҷотбахшон ҳам ҳастанд. Андрик Америкс гуфт, ки ба иттилои ӯ, шоми панҷшанбе аввал “боғи зимистона”-и маркази тиҷоратӣ ва баъдан боми он фурӯ рехтаанд.

Кормандони “Ёрии таъҷилӣ” аз зери харобаҳо ду қурбонии ҳодиса ва 15 каси осебдидаро берун оварданд. 11 нафари осебдидагон, аз ҷумла, як корманди сӯхторнишонӣ, ба бемористон интиқол дода шуданд.

Биное, ки онро маркази тиҷоратии “Максима” ба иҷора гирифта буд, ба муассисаи Homburg тааллуқ дорад ва соли 2011 бунёд шудааст.
XS
SM
MD
LG