Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар таркишҳо дар Бағдод 24 нафар ҷон бохтанд


Силсилаи таркишҳо дар маҳаллаҳои шианишини Бағдод, пойтахти Ироқ, дасти кам 24 нафарро кушта бар ҷой гузошт ва даҳҳо тани дигарро захмӣ кард. Ба иттилои полис, таркиши аз ҳама хунбор дар минтақаи Садрия рӯй дод – таркиши мошини ҳомили маводи тарканда дар бозор боиси марги панҷ сокини маҳаллӣ шуд. Таркишҳои дигар дар маҳаллаҳои Шааб, Тобчӣ, Коррада, Аъзамия ва Омил рӯх доданд.

Мавҷи хушунат дар Ироқ аз моҳи апрел ба ин сӯ, баъд аз саркӯбсозии намоиши эътирозии суннимазҳабҳо дар шимоли кишвар, боло меравад. Ба иттилои СММ, аз он замон то ҳол беш аз панҷу ним ҳазор ироқиҳо бар асари таркишу ҳамлаҳои интиҳорӣ ҷон бохтанд.
XS
SM
MD
LG