Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши ҷинояткорӣ миёни ноболиғон


Вазорати маорифи Тоҷикистон аз афзоиши ҷинояткорӣ миёни ноболиғон изҳори нигаронӣ кардааст. Дафтари матбуоти вазорати маорифи Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 19 ноябр дар сӯҳбат ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки муддати 9 моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби ноболиғон 530 ҷиноят сабт шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 92 ҷиноят бештар аст. Ин манбаъ афзуд, аз ҷумла, дар вилояти Хатлон 157 ҷиноят, дар вилояти Суғд 106 ҷиноят, дар шаҳри Душанбе 163 ҷиноят дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 83 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст. Аммо ба таъкиди ин манбаъ, дар муқоиса ба дигар манотиқи Тоҷикистон сатҳи ҷинояткорӣ дар вилояти Бадахшон муддати ду соли ахир рӯ ба коҳиш ниҳода ва соли ҷорӣ танҳо 3 ҷиноят сабт шудааст. Мақомоти вазорати маорифи Тоҷикистон бар инанд, ки афзоиши ҷиноят миёни наврасону ноболиғон бори дигар собит месозад, ки иҷрои қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” дар маҳалҳое, ки сафи ҷинояткорӣ афзудааст, ба талабот ҷавобгӯ нест.
XS
SM
MD
LG