Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тӯфон дар Филиппин боиси марги 4 ҳазор нафар шудааст


Бар асари тӯфони харобиовари “Ҳайан” дар Филиппин, бар пояи иттилои ахир, тақрибан чаҳор ҳазор нафар ҷон бохтаанд. Гуфта мешавад, ки 1600 нафар беному нишон шудаанд, беш аз 4 миллион нафар иҷборан манзилҳои худро тарк намуданд.

Рӯзи якшанбе раисиҷумҳури Филиппин Бенигно Акино аз бархе манотиқи офатзада дидан кард. Ӯ гуфт, ки то қаноатбахш шуданаш аз ҷараёни корҳои барқарорсозӣ дар он манотиқ хоҳанд монд. Рӯзҳои ахир ҳукумати Филиппин барои кундиву коҳилӣ ва анҷом надодани талоши кофӣ барои эҳёи манотиқи аз тӯфон зарардида мавриди танқиду сарзаниш қарор дорад.

Кишварҳои зиёде барои кӯмак ба Филиппин изҳори омодагӣ карданд ва мутахассисони мулкиву низомиро ба он ҷо фиристоданд. Бонки ҷаҳонӣ эълом дошт, ки барои ниёзмандиҳои фаврӣ ба Манила 500 миллион доллар қарз медиҳад.
XS
SM
MD
LG