Дар ҷойи суқути ҳавопаймои Боинг-737 дар фурудгоҳи шаҳри Қазон, пойтахти ҷумҳурии Тотористони Русия, “қуттиҳои сиёҳ”, ки ҳама гуфтугӯи сарнишинҳоро сабт мекунад, ошкор шуданд. Ба иттилои хабаргузории ИТАР-ТАСС, онҳо дар ҷойи чуқурие буданд, ки баъди ба замин бархӯрдани ҳавопаймо пайдо шудааст.
Ба иттилои расмӣ, дар Кумитаи тафтишоти Русия ду фарзияи асосии сонеҳа – мушкилоти фаннӣ ва дар робита ба ин иштибоҳи халабонҳо тафтиш мешавад.
Ҳавопаймои Боинг-737-и хатсайри Маскав-Қазон шоми якшанбе ҳангоми фуруд омадан ба сонеҳа дучор шуд ва бар асари ба замин бархӯрдани он бордонҳо бо маводи сӯхт таркиданд ва сӯхтор ба амал омад, ки онро фақат субҳи рӯзи душанбе хомӯш карданд. Дар Маскав маводи сӯхте, ки ба ҳавопаймо дар фурудгоҳи “Домодедово”-и Маскав тафтиш карда мешавад.
Бар асари суқути ҳавопаймо, ки мутаалиқ ба ширкати "Тотористон" буд, 44 мусофир ва 6 халабону раҳбаладҳо ба ҳалокат расиданд. Миёни қурбониёни ҳодиса – як шаҳрванди Бритониё ва як шаҳрванди Украина, ҳамчунин Ирек Миннихонов, писари раисиҷумҳури Тотористон Рустам Миннихонов ҳам ҳастанд.
Имрӯз дар Тотористон рӯзи мотам эълон шудааст.