Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мураббии дзюдои тоҷик бо 18 кило ҳероин боздошт шуд


Кормандони Хадамоти федеролии назорат аз болои маводи мухаддири Русия дар амалиёте дар шаҳри Маскав аз шаҳрванди 28-солаи Тоҷикистон 18 кило ҳероинро пайдо ва мусодира карданд. Қоҷоқбар, ки ному насабаш ошкор нашудааст, мурабии дзюдо дар маҷмааи варзишии Шёлково будааст.

Хабаргузории Интерфакс бо такя ба Хадамоти федеролии назорат аз болои маводи мухаддир иттилоъ медиҳад, ки ду кило ҳероин дар хонаи ин мураббии дзюдо, тақрибан 3 кило дигар дар манзили иҷораи ӯ ва боз 13 кило дар гараж ошкор шуд.

Шоми гузашта бар асари як амалиёти дигари Хадамоти федеролии назорат аз болои маводи мухадир дар шаҳри Маскав беш аз 100 кило маводи мухаддир мусодира шуда буд.
XS
SM
MD
LG