Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Миллатгароҳо масъулиятро бар дӯш гирифтанӣ нестанд


Намояндагони созмонҳои миллатгарои рус дар шаҳри Санкт-Петербург аз бар дӯш гирифтани масъулияти бархӯрдҳо ва харобкориҳои рӯзи 4 ноябр сарпечӣ карданд.

Ба иттилои хабарнигори Радиои Озодӣ, ҳамла ба муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ ва Қафқоз дар метро ва хиёбонҳои Санкт-Петербург баъд аз раҳпаймоии миллатгароҳо шурӯъ шуд. Дар истгоҳи метрои “Уделная” тақрибан 40 нафар дар дохили истгоҳ ва яке аз вагонҳои қатор афроди ғайриславяниро латукӯб карданд. Яке аз шоҳидон гуфт, ки издиҳом бо шӯру ғавғо ба қатор даромаданд ва бархӯрд шурӯъ шуд. Баъдан ҳамлагарон ба бозори “Уделний” ворид шуда парчами замони шоҳигарии Русия болои сар бо калтакҳо ва бо шиорҳои миллатгароёна ба хароб кардани дуконҳои муҳоҷирони корӣ шурӯъ намуданд. Тоҷирон маҷбур шуданд, ки корманди полисро ба кӯмак даъват намоянд.

Полиси Санкт-Петербург сабабҳои қатли як шаҳрванди Ӯзбакистон дар истгоҳи метрои “Рибатское”-ро тафтиш мекунад. Ӯ бар асари чанд зараби корд аз олам даргузашт. Дар навори дурбинҳо дида мешавад, ки гурӯҳи ҷавонони миллатгаро ба шаҳрванди Ӯзбакистон ҳамла мекунанд.

Дар Петербург дар ҷараёни намоишҳои миллатгароҳои рус бахшида ба Рӯзи ваҳдати мардумӣ беш аз 50 нафар боздошт шуданд.
XS
SM
MD
LG