Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Кӯкнор-2013»: ду нафар боздошт шуд


Зимни гузаронидани амалиёти «Кӯкнор-2013» кормандони Ожонси мубориза бо маводи мухаддир дар вилояти Суғд ду нафарро бо 7 кило маводи нашъаовар дастгир намудаанд. Умеда Юсупова, корманди дафтари матбуотии ин ожонсӣ ба радиои Озодӣ гуфт, ки ин ду нафар зода ва истиқоматкунандагони шаҳри Конибодом, ки синну соли онҳо 35 ва 37 аст, мехостаанд ин миқдор маводи нашъадорро ба воситаи Қирғизистон ба Русия интиқол диҳанд. Ба гуфти ин манбаъ ҳангоми боздошт аз онҳо 7 кило ҳашиш дарёфт шудааст.

Умеда Юсупова гуфт, нисбати ин дунафар бо моддаи 200 қисми 4-и кодекси ҷиноятии Тоҷикистон –муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар ҳаҷми калон, айб эълон шудааст.

Дар маҷмӯъ дар 9 моҳи соли равон дар Тоҷикистон 757 ҷинояти марбут ба қочоқи маводи мухаддир сабт шудааст.
XS
SM
MD
LG