Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуруснанишинии чаҳор маҳбуси сиёсӣ дар Эрон


Чаҳор маҳбуси сиёсии эронӣ, аз ҷумла, ҳомии ҳуқуқи башар Абдулфаттоҳ Султонӣ, ба нишони эътироз аз шароити будубош дар маҳбас даст ба гуруснанишинӣ заданд. Майда, духтари Султонӣ ба Радиои Фардо гуфт, ки падараш гуруснанишинро рӯзи 2 ноябр, дар рӯзи 60-солагияш, алайҳи дастрасӣ надоштани маҳбусони дигарандеш ба хадамоти тиббӣ дар зиндони Эвин ва дигар маҳбасҳои кишвар шурӯъ намуд.

Абдулфаттоҳ Султонӣ ҳамроҳ бо барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел Ширин Ибодӣ Маркази дифоъ аз ҳуқуқи башари Эронро таъсис карда буд. Ӯ соли 2011 бо чанд иттиҳом, аз ҷумла, аъмоли зиддидавлатӣ ба 13 соли маҳбас маҳкум шуд. Соли 2009 оғои Султонӣ дар Нюрнберг ба ҷоизаи байнулмилалии ҳуқуқи башар мушарраф шуда буд.
XS
SM
MD
LG