Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахуствазири ояндаи Гурҷистон муаррифӣ шуд


Ираклий Ғарибашвилӣ
Ираклий Ғарибашвилӣ
Ираклий Ғарибашвилӣ, вазири умури дохилии Гурҷистон, ба зудӣ дар урсии нахуствазири кишвар хоҳад нишаст. Дар ин бора нахуствазири феълӣ Бидзина Иванишвилӣ дар як нишасти хабарии вижа баъд аз машварат бо Шӯрои сиёсии эътилофи “Рӯъёи гурҷӣ” хабар дод. Ба гуфтаи Иванишвилӣ, ӯ охири моҳи ноябр, баъд аз маросими савгандёдкунии раисиҷумҳури нави Гурҷистон аз мақоми нахуствазир ва раҳбари эътилоф канор меравад.

Ираклий Ғарибашвилӣ 31 сол дорад ва солҳои пеш ёвари миллиардери гурҷӣ Бидзина Иванишвилӣ дар бунёди хайрияи “Карту” буд. Ӯ донишгоҳи Сорбонни Порис ва Донишгоҳи давлатии Тифлисро хатм кардааст. Як сол пеш мақоми вазири умури дохилии Гурҷистонро ишғол намуд.
XS
SM
MD
LG