Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзи СММ-ро дар Душанбе таҷлил мекунанд


Имрӯз 24-уми октябр дар Маркази исмоилияи Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Душанбе Рӯзи Созмони Миллали Муттаҳид таҷлил карда мешавад. Тавре Парвина Муҳаммадхоҷаева, ҳамоҳангсози созмони ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, ин ҷамъомад соати 13-30 дақиқа оғоз мешавад, ҳамчунин дар он филмеҳо дар мавзӯҳои иҷтимоӣ ба намоиш гузошта шуда, доири он баҳсу мунозираҳо сурат мегирад. Ба гуфти хонум Муҳаммадхоҷаева дар назар аст дар ин ҷамъомад намояндагони СММ дар Тоҷикистон ва дигар намояндагони созмонҳои хориҷии муқими Душанбе иштирок кунанд.

24-уми октябри соли 1945 дар шаҳри Сан-Франсискои Амрико оиномаи СММ қабул шуд ва баъди ду сол қарор қабул намуданд, ки ин рӯз ҳамасола ҳамчун Рӯзи СММ таҷлил карда шавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG