Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаҳои тарҳрезишуда алайҳи полис дар Анбори Ироқ


Дар вилояти Анбор, воқеъ дар ғарби Ироқ, бар асари силсилаи ҳамлаҳои тарҳрезишуда шоми сешанбе 28 нафар, аз ҷумла, 25 корманди полис ба ҳалокат расиданд. 26 корманди дигари полис ҷароҳат бардоштанд.

Ба иттилои расмӣ, фақат дар шаҳри Рутба чаҳор ҳамла сурат гирифт – се маргталаб мошинҳои ҳомили маводи сӯхтро дар канори постгоҳҳои полис инфиҷор карданд, ҳамзамон афроди мусаллаҳ ба идораи полиси шаҳр ҳамла намуданд.

Шомгоҳон постгоҳҳои полис дар шаҳри Ромадӣ, маркази вилояти Анбор ва дар атрофи он ҳам мавриди ҳамла қарор гирифтанд.

Ба иттилои хабаргузории Франс-пресс соли равон ба асари хушунат миёни шиаҳову сунниҳо дар Ироқ панҷ ҳазору дусад кас ҷон бохтаанд.
XS
SM
MD
LG