Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раёсати Додгоҳи Олии Русия ҳукми Пичугинро қонунӣ хонд


Раёсати Додгоҳи Олии Русия ҳукми додгоҳии корманди собиқи хадамоти амниятии ширкати нафти ЮКОС Алексей Пичугинро қонунӣ хонд ва аз вуруди тағйирот ба он бар пояи тасмими Додгоҳи Аврупоии ҳуқуқи башар худдорӣ намуд. Дар ин бора хабаргузориҳои Русия иттилот доданд.

Моҳи августи соли 2007 Пичугин бо иттиҳоми ташкили чанд куштор ва сӯиқасд ба ҳабси абад маҳкум шуда буд. Алексей Пичугин иттиҳомро рад мекунад.

Додгоҳи Олии Русия ба баррасии ҳукми Пичугин баъд аз тасмими Додгоҳи Аврупоӣ оид ба ҳуқуқи башар шурӯъ кард. Як сол пеш Додгоҳ дар Страсбург иқрор намуд, ки Русия ҳаққи Пичугин барои бозрасии одилонаи додгоҳиро нақз кардааст. Додрасҳои аврупоӣ ҳамчунин ба натиҷае расида буданд, ки зарурате барои пушти дарҳои баста доир кардани мурофиа набуд ва ҳамчунин додгоҳ ба айбдоршаванда барои рад кардани баёноти шоҳидон имкон надодааст.

Ксения Костромина, вакили дифои Пичугин, мегӯяд, умедвор буд, ки Раёсати Додгоҳи Олии Русия, бо таваҷҷуҳ ба қарори Додгоҳи Аврупоии ҳуқуқи башар, барои тафтиши дубораи парванда тасмим мегирад.
XS
SM
MD
LG