Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳодияи Аврупо гузориши Эронро "муфид" номид


Дар женева рӯзи аввали музокироти ҳастаии Эрон ва қудратҳои ҷаҳон поён ёфт. Иттиҳодияи Аврупо гузориши Эрон дар даври навбатии музокирот оид ба барномаи ҳастаии ин кишварро муфид арзёбӣ кард. Дар гуфтушунид, ки қарор аст ду рӯз идома кунад, ҳайати воломақоми Эрон ва ҳайатҳои панҷ кишвари узви доимии Шӯрои амнияти СММ ба изофаи Олмон ширкат доранд. Қаблан Мишел Манн, сухангӯи намояндаи олии Иттиҳодияи Аврупо оид ба сиёсати беруна Кэтрин Эштон дар бораи натиҷаҳои музокирот ба истилоҳ “хушбинии эҳтиёткорона” изҳор карда буд.

Кишварҳои ғарбӣ Эронро дар талоши дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ айбдор мекунанд, аммо Теҳрон инро рад мекунад ва талоши коҳиш додани таҳримҳои байнулмилалиро дорад. Раисиҷумҳури нави Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ изҳор намуд, ки мехоҳад масоили марбут ба барномаи ҳастаии кишварро дар мӯҳлати аз шаш моҳ то як сол ҳаллу фасл кунад.
XS
SM
MD
LG