Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Варшава раъйпурсии зидди мири шаҳр баргузор шуд


Сокинони пойтахти Лаҳистон рӯзи якшанбе дар як райъпурсӣ оид ба қатъи ваколатҳои мири Варшава Ҳанна Гронкевич-Валтс ширкат карданд. Ин раъйпурсӣ чун имтиҳони ҷиддӣ барои ҳизби ҳокими "Платформаи шаҳрванди”-и нахуствазир Доналд Туск, ки маъруфияташ рӯ ба коҳиш аст, арзёбӣ мешавад.

Раъйпурсӣ аз сӯи ҳизби мухолифи “Ҳуқуқ ва адолат”-и Ярослав Качински ташкил шудааст.

Мири феълии Варшава барои оҷизӣ дар ҳалли мушкилоти пойтахт ва кормандони шаҳрдорӣ барои худписандӣ мавриди интиқод қарор доранд.

Раъйпурсӣ дар ҳоле ҳукми қонунро мегирад, ки дар он дасти кам 29 дар сади сокини соҳиби ҳаққи раъйи Варшава ширкат намоянд. Натиҷаҳои раъйпурсӣ рӯзи душанбе эълон хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG