Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 9 нафар дар сӯхтор дар як корхонаи Бангладеш


Бар асари сӯхтор дар як корхонаи дӯзандагӣ дар Бангладеш дасти кам 9 нафар ба ҳалокат расиданд. Ба иттилои хадамоти наҷотбахшӣ, дар ин ҳодиса, ки дар шаҳри Ғозипур, воқеъ дар наздикиҳои пойтахт шаҳри Дакка рӯй додааст, тақрибан 50 нафар осеб дидаанд. Мақомоти маҳаллӣ афзоиши теъдоди осебдидагонро байид намедонанд.

Моҳи апрели соли равон бар асари фурӯ рехтани бинои ҳаштқабата дар канори Дакка, ки он ҷо фабрикаи дӯзандагӣ ҷойгир шуда буд, дасти кам 1100 нафар ҷон бохта буданд.
XS
SM
MD
LG