Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барандаҳои ҷоизаи Нобел дар бахши тиб эълон шуданд


Донишмандони амрикоӣ Ҷоймс Ротман, Рэнди Шекман ва Томас Зюдоф барандагони ҷоизаи Нобел дар бахши тиб ва физиология эълон шуданд. Кумитаи ҷоизаи Нобел дар шаҳри Стокҳолм хабар дод, ки ин олимон низоми асосии нақлиётии ҳуҷайраи инсон ва шеваи танзими ҳаракати ҳубобҳо дар дохили ҳуҷайраро кашф кардаанд.

Қарор аст, ки фардо Кумитаи Нобели Фарҳангистони улуми шоҳигари Шветсия барандаҳои ҷоиза дар бахши физикаро эълон кунад. Рӯзи 9 октябр барандаи ҷоизаи Нобел дар бахши кимиё ва ду рӯз баъдаш барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел маълум хоҳанд шуд. Соҳиби ҷоизаи иқтисод ба ёди Нобелро, ки Бонки Шветсия соли 1968 таъсис кардааст, рӯзи 14 октябр эълон хоҳанд кард.

Маблағи ҳар яке аз ҷоизаҳои Нобел имсол 8 миллион крони шведӣ, муодили 1,2 миллион долларро ташкил медиҳад. Маросими супурдани ҷоизаҳо, таври маъмул, 10 декабр дар Стокҳолм баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG