Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Бруссел роҷеъ ба Молдова музокироти 7-ҷониба баргузор шуд


Дар Молдова
Дар Молдова
Рузи панҷшанбе дар Бруссел музокироти 7 ҷониба роҷеъ ба Молдова идома ёфт. Ширкаткунандагон мухолифатҳоеро, ки аз даҳсолаҳо ба ин сӯ роҷеъ ба минтақаи ҷудоихоҳи Трансденестер идома дорад, баррасӣ карданд.

Ин музокирот 6 сол ба ҳолати таълиқ даромада буд, вале соли 2011 дубора аз сар гирифта шуд. Ҳоло ин музокирот дар шакли 5 бар иловаи 2 анҷом мегирад ва дар он Молдова, Трансденестр, Русияву Украина, САҲА, Иттиҳодияи Аврупо ва Амрико ширкат мекунанд.

Ширкаткунандагони музокирот дар нишасти хабарие изҳор доштанд, ки музокирот дар сатҳи гурӯҳҳо идома хоҳад ёфт.

Трансденестер, ки аз он Маскав ҷонибдорӣ мекунад, худро соли 1990 аз Молдова мустақил эълон кард. Дар Молдова аслан ба забони руминӣ сӯҳбат мекунанд. Ҳатто ҳар ду ҷониб соли 1992 бо ҳам вориди ҷангшуданд ва дар ин ҷанг 700 нафар кушта шуд.
XS
SM
MD
LG