Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Обама бо раҳбарони Конгресс бенатиҷа поён ёфт


Мулоқоти раисиҷумҳури Амрико Барак Обама бо раҳбарони ҳарду палатаи Конгресс дар мавзӯи сармоягузории кори ҳукумати ИМА боз ҳам ноком анҷом ёфт. Ба иттилои хабарнигори Радиои Озодӣ, дар ин ҷаласа дар Кохи Сафед раҳбарони ҳизби ҷумҳурихоҳон Ҷон Байнер ва Митч Макконелл ва демократҳо Ҳаррӣ Рид ва Нэнси Пелосӣ ширкат доштанд.

Ҷон Байнер баъд аз мулоқот гуфт, ки он дар фазои хуб баргузор шуд ва аммо афзуд, ки Кохи Сафед ва демократҳо аз музокирот дар мавзӯи асосӣ сарпечӣ мекунанд. Ҳаррӣ Рид, дари навбати худ гуфт, ки ҳизбаш дар ин гуна бозиҳо ширкат нахоҳад кард.

Барак Обама ҳам натиҷаҳои ҷаласаро ташреҳ накардааст, аммо қаблан рӯзи чаҳоршанбе дар як сӯҳбати телевизионӣ гуфта буд, ки аз вазъи бавуқӯъпайваста нигарон аст.

Бар асари ихтилофи назар миёни Сенат ва Маҷлиси намояндагони ИМА, буҷаи кишвар барои соли молиявии оғозёфта тасдиқ нашудааст. Ин боиси мутаваққиф шудани сармоягузории кори ҳукумат ва баста шудани бархе аз муассисаҳои давлатӣ зз 1 октябр гардид.

Аз ин пеш Барак Обама ба Конгресс гуфта буд, сақфи қарзи давлатии Амрикоро, ки 16.7 триллион долларро ташкил медиҳад, боло барад, вагарна ҳукумат то миёнаҳои моҳи октябр барои пардохти ҳисобҳои ҷории худ пул нахоҳад ёфт.
XS
SM
MD
LG