Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Shutdown"-и ҳукумати Амрико вориди рӯзи дуввум шуд


Қатъи муваққати фаъолияти баъзе аз хадамоти давлатии Амрико, ки бо номи “shutdown” машҳур аст, вориди рӯзи дуввум шуд. Бо вуҷуди ин Маҷлиси Намояндагони Амрико омода нест нақшаҳои масорифи баъзе аз фаъолиятҳоро ба тасвиб расонад.

Кохи Сафед мегӯяд, Барак Обама намегузорад, ки қонун ба қисматҳо тақсим ё табақабандӣ шавад ва бад-ин тартиб имкони сармоягузории танҳо баъзе аз хадамоти ҳукуматӣ, аз қабили боғҳои миллӣ ва собиқадоронро фароҳам орад. Дар изҳороти Кохи Сафед омадааст, ки талошҳои табақабандии қонун кори ҷиддӣ нест ва он роҳи пешбурди фаъолияти ҳукумат намебошад.

Обама пештар зимни сухунони худ гурӯҳи намояндагони ҷумҳурихоҳ дар Маҷлиси Намояндагонро муттаҳам кард ва онҳоро гунаҳгори бастани фаъолияти муваққати ҳукумат дар 17 соли ахир номид. Вай ҷумҳурихоҳони Маҷлиси Намояндагонро муттаҳам кард, ки онҳо бар зидди Қонуни беҳдоштии Обама “ҷанги ақидатӣ” эълон кардаанд.Аммо ҷумҳурихоҳон демократҳоро муттаҳам мекунанд, ки онҳо ба музокира розӣ нашудаанд.

“Shutdown” дар ҳукумати Амрико шаби душанбе дар оғози соли нави молии ин кишвар шуруъ шуд.
XS
SM
MD
LG