Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Душанбе корхонаи давлатии дӯзандагӣ таъсис меёбад


Дар шаҳри Душанбе Корхонаи воҳиди давлатии «Чеварон» таъсис меёбад. Дар ин бора шаҳрдори Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қарор қабул кардааст. Тавре аз ин ниҳод бо тасдиқи ин хабар ба Озодӣ гуфтанд, ҳадафи таъсиси корхонаи «Чеварон» ба роҳ мондани истеҳсоли либоси мактабӣ ва дигар маҳсулоти дӯзандагӣ мебошад. Ва ҳамчунин ба гуфтаи манбаъ, «таъмини рақобатпазирии бозори дохилӣ бо маҳсулоти дӯзандагии истеҳсоли ватанӣ, паст намудани арзиши аслии ин намуди маҳсулот дар шаҳри Душанбе ва ба ин васила таъсиси ҷойҳои нави кор» ном бурда мешавад. Зимнан, бар асоси хабари расида аз шаҳрдории Душанбе, Корхонаи воҳиди давлатии «Чеварон» дар қисми бинои коммуналии Корхонаи истеҳсолию тиҷоратии воҳиди давлатии «Душанбеагросервис», ки дар кӯчаи Фирдавсӣ, 8 дар пойтахт ҷойгир аст, бунёд мешавад.
XS
SM
MD
LG