Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мактаби фурӯрафтаи Данғара аз нав сохта шуд


Мактабе, ки дар моҳи апрели соли равон дар ноҳияи Данғара фурӯ рафта буд, дубора сохта шуд. Бар асари зиёд шудани обҳои зеризаминӣ дар моҳи апрели соли равон 5 синфхонаи мактаби рақами 16-и ноҳияи Донғара фурӯ рафта, комилан хароб шуда буд.
Қурбоншоҳ Абдуллоев, мудири маорифи ноҳияи Данғара мегӯяд, фурӯ рафтани мактаб дар ҳоле сурат гирифт, ки хонандагон дар мактаб ҳузур надоштанд.

"Ҳоло ба ҷои 5 синфхонаи фурӯрафта 6 синфхона бо ҷалби соҳибкорон, падару модарон ва дастгирии ҳукумати маҳаллӣ сохта шуд. Ин мактаб дар аввалҳои солҳои 70-уми асри гузашта сохта шуда буд ва бинояш ҳам фарсуда гардиад буд. Аз ин рӯ, бо зиёд шудани намигарӣ аксари синфхонаҳои он фурӯ рафт." - гуфт Абдуллоев.
Ин мактаб дар канори шаҳраки ноҳияи Данғара ҷойгир буда, беш аз 200 хонанда дорад.

Дар маҷмӯъ, дар ноҳияи Данғара беш аз 70 мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ фаъолият дорад, ки дар онҳо зиёда аз 30 ҳазор хонанда таҳсил мекунад.
XS
SM
MD
LG